ДАР БОБИ ЗАНИ ҲОМИЛА, ТИФЛИ НАВЗОД ВА ҚӮЧАК
— Аввалин маротиба, ки тифл дар шиками модар мечунбад, дар ҳамин лаҳза ҳар кас дар рӯ ба рӯи модараш нишаста бошад, навзод ҳамшакли ӯ хоҳад шуд.
— Агар ба фарқи кӯдак зада шавад, он кӯдак ятим гардад.
— Агар домани духтареро тифле аз акиб бигирад, он духтар қадкутоҳ шавад.
— Агар донистан хоҳед, ки зани ҳомила писар мезояд ё духтар, ӯро назди худ бихоҳед. Ҳар гоҳ пои росташро нахуст пеш ниҳод, фарзандаш писар аст ва агар пои чапашро нахуст пеш гузошт, тифлаш духтар бувад.
— Агар зани ҳомила ба туршй зиёд алоқаманд бошад, писар мезояд ва агар ба ширинй бештар рағбат дошта бошад, духтар ба дунё меорад.
— Агар зани ҳомила дар чумча об бихӯрад, тифлаш носолим таваллуд шавад ё бинии навзодаш калон хохад буд.
— Агар зани ҳомила болои наноза (мурда) бира вад, занахи тифли ӯ ларзонак хохад шуд.
— Агар зани ҳомила дар мавкеи хусуф ба бадаии худ ангушт бигузорад, хамон қисмн вучуди тифлаш сиёқ шавад.
— Агар зани ҳомила дар мавқеи хусуф ба қайчи даст бнзанад ва ё пиёзро бо корд катъ кунад, тифлаш маъюб ба дунё ояд.
— Агар зани ҳомила зиёд кор бнкунаду бисер роҳ бигардад, тифлаш писар аст ва агар бихӯраду бихо бад, тифли у духтар хоҳад буд.
— Агар зани ҳомила луфчаки — ҳезуми нимсӯхтаро аз хонаи ҳамсоя бидуздад, тифлаш мӯснёҳ ба дунё ояд.
— Агар зани хомила чизеро майл кунаду он чиз барояш муяссар нашавад, чашми тифлаш оҳул (олус) шавад.
— Агар зани хомила чусту некӯрӯй ва хандону хушхӯй бошад, писар ва агар макбузу туршруй ва коҳилу бадхӯй бошад, духтар мезояд.
— Агар зани ҳомила гизои зери косаро бихурад, тифли зебосурат дармеёбад.
— Агар зани ҳомила хангоми ба сараш мондани кадре намак даъфатан дасташро ба фарқаш бикашад, писар ва агар ба рӯяш бикашад, духтар таваллуд кунад.
— Агар зани ҳомила ҳезумро сарчаппа ба зери дег бигузорад, тифли он зан сарчаппа таваллуд шавад.
— Агар занахи зане бихорад, дар хонаи яке аз акорибаш тифле ба дунё ояд.
— Агар тарафи рости занах бихорад, навзод писар бувад ва агар тарафи чапи он бихорад, тифл духтар хоҳад буд.
— Агар касе як дасти тифлро бибӯсад, он тифл ночур (бемор) шавад.
— Агар кулоҳи тифле давр дода шавад, он тифл сардард хохад шуд.
— Агар кӯдаке то болиг шудани худ цағзн сапи ягон ҳайвонро бихӯрад, зери бағалаш бӯи ба пайдо кунад.
— Агар нӯки пистони зани ҳомила сиёҳранг бошад, духтар ва агар хурмой бошад, писар мезояд.
— Агар синаи рости эани хомнла бузург шавад, тифлаш писар бувяд ва агар синаи чанаш бузург шавад, тифли у духтар аст.
— Агар тифл наздики оташ чуби нимсӯхтаро ба даст бигирад на онро дар ҳаво 6а хар тараф харакат бидихад, яьне оташбози бикунад, шаб бистари худро тар кунад.
— Агар тифл ба бинии худ зиёд даст бизанад, он тифл мариз хохад шуд.
— Агар тифлак гулудард шавад, модар бояд мӯи худро ба рӯи пистонаш шона кунад ва баъд барои тифли мариз шир бидиҳад.
— Агар тифле дар хона ишпилок бизанад (яъне ҳуштак бикашад), дар он хона шайтон хоҳад омад.
— Агар тифле забони худро берун кунад, хонаводаи он тифл ба чое кӯч хохад кард.
— Агар тифле пойҳояшро болои ҳамдигар бигузорад, он тифл ба беморй мубтало гардад.
— Агар тифли кучакро дар оина нишон бидиҳанд, он тифл мариз шавад.
— Агар тифли навзод танхо гузошта шавад, ӯро Модар-ол (Девкампир) хохад зад. Аз ин рӯ бояд ҳамеша корд ё кайчй назди вай гузошта шуда бошад.
— Агар шахсе ба сӯи тифли навзод ба назари таҳсин бубинад, ба ӯ гуфта шавад: «Паси поят хун шуда», дар он сурат тифл аз газанди назари ӯ дар амон хоҳад монд.
— Агар қанчй болои сари тифли навзод давр дода шавад, он тифл ҷасур хоҳад шуд.
— Агар ҳамсояи зани ҳомила ғизое пухта бошад ва он зан аз он ғизо умедвор шуда бошаду аммо ҳамсояаш барои ӯ надихад, чашми тифлаш сабз хохад шуд.
— Болои дари утоке, ки дар он чо тифл хобида бошад, каме испанд бубандед, ки то ачонат вориди уток нашавад.
— Вақте ки тифл аз бистар берун рафт, як дона пиёзро ба нӯки корд зада болои бистари ӯ гузоред, то тифл аз газанди ачонат дар канор бошад.
— Зане, ки бо худ таъвиз (тӯмор) дошта бошад, набояд ба дидани навзод биравад, дар ғайри он тифл ба хатароти баде рӯ ба рӯ хохад шуд.
— Зане, ки ҷин дошта бошад, набояд ба аёдати зани навзод биравад, дар акси он тифли ӯ низ ба марази чинзадагй гирифтор шавад.
Кӯдак то хангоме, ки калиман «санг»-ро бар за6он наёрад, ширдони сараш — нармии фарки у сахт нагардад.