Menu

Дар боби тухмат ва гайбат

— Агар касе ҳангоми сӯхбат забонашро биҷавад он кас ба тӯҳмат мубтало гардад.
— Агар касе ҷорӯбро ба девор рост гузорад. он кас гирифтори тӯхмати ноҳақ шавад.
— Агар чорӯб ба бадани касе тамос кунад ва ё агар касе шабҳангом ба оина нигоҳ кунад, дар ҳаққи ваи тухмат шавад.
— Агар ҷорӯб дар мавқеи ҷорӯб кардан ба пои касе бархурад, он шахс ба тӯҳмати ноҳак рӯ ба рӯ гардад.
— Агар дар маҳфиле ном аз мор бурда шавад, дар хамон вакт дар чон дигар аз онхо низ гайбат кунанд.
— Агар касе ҳангоми сӯхбат забонашро бигазад, ба ӯ мегӯянд: “Касе аз ту ғайбат мекунад”.
— Агар нармаи гӯши касе сурх шавад ва ӯ дар гуши худ эхсоси гарми намояд, нишонаи он аст, ки дар хамон соат дар чои дигар касе гайбати уро мекунад.
— Агар оташ садо бидиҳад, яъне чардк пурук бикунад, шахсе аз оташкунанда гайбат мекунад.
— Агар шамъи хонае ларзои-ларзон бисузад: «Касе дар чон дигар гайбати сохиби он хонаро мекунад».
— Агар чамъе аз мор сухан ба миён оранд, дар чое дар бораи онҳо бадгӯӣ мекунанд.

Фолнома