Menu

ДАР БОБИ ХОБ ВА ХОББИНЙ

— Агар зани хомила марворид хоб бубинад, духтар таваллуд кунад.
— Агар зани ҳомила шамшер хоб бубинад, писар хохад зоид.
— Агар зани хомила гудй (лӯхтак, зоча), кайчи, мӯҳра ва ё сӯзану ресмон хоб бубинад, духтар таваллуд кунад.
— Агар зани хомила корд, камон ва ё туфанг хоб бубинад, писар мезояд.
— Агар зани хомила себ хоб бубинад, навзодаш духтар шавад.
— Агар кас дар хоб бубинад, ки мурдае аз вобас тагонаш чизе аз ӯ мехохад, хатман назр ва хайрот бидихад, зеро мурда худро дар дорой зик медонад.
— Агар кас дар хоб бубинад, ки мурдае дар каҳр аст, ба он кас хушие рух хохад дод.
— Агар кас чавдар хоб бубинад, хуб аст ва агар гандум хоб дида бошад, бад аст.
— Агар касе асп хоб бубинад, ба мурод мерасад.
— Агар касе гову гӯсола хоб бубинад, ба душман рӯ ба рӯ гардад.
— Агар касе дар хоб бубинад, ки мурдааст, умри дароз хохад дид.
— Агар касе дар хоб мохро бубинад, ба ӯ хабари хуш мерасад.
— Агар касе дар хоб мург ё моҳӣ бубинад, ба мурод расад.
— Агар касе дар хоб хаммом биравад, ба зиёрате хоҳад рафт.
— Агар касе дар хоб мох ва мохӣ бубинад, алома ти икбол ва бехрузи аст, чунонки шоир гӯяд:


Агар дар хоб бинӣ моху мохй,
Чу бо хеч кас нагӯӣ — подшоҳй.

— Агар касе дар хоб касофат бубипад, пулдор шавад.
— Агар касе дар хоб бубинад, ки яке аз дандонхояш афтода аст, онро шугуни бад медонанд ва мӯътақиданд, ки яке аз вобастагонаш хоҳад мурд.
— Агар касе дар хоб мореро бикушад, хуб аст, гӯе ӯ душмани худро нобуд карда аст.
— Агар касе дар хоб хун бубинад, он хоб худ ба худ ботил аст.
— Агар касе дар хоб уштур бубинад, тоифа зиёд хоҳад шуд.
— Агар касе зару зевар, кафш ва либос дар хоо бубинад, дар хонаи ӯ арӯсй шавад.
— Агар касе хоб бошад, аз болои шикамаш намегузаранд, дар акси ҳол он шахс дар хоб хоҳад тарсид.
— Агар касе хоби арӯсй бубинад, он аломати азою мотам аст.
— Агар касеро шабҳангом ҷорӯб болои сараш бошад, он шахс хоби ошуфта хоҳад дид.
— Агар мурда дар хоб чизе бидиҳад, далели зиёдии умр аст ва агар чизе бигирад, аломати кӯтоҳии умр аст.
— Агар гарбуз (ҳиндувона) дар хоб дида шавад, боду борон хоҳад шуд.
— Агар хар дар хоб дида шавад, хабар аст. Хабар ҳар чй бошад, фарқ намекунад.
— Агар харбуза дар хоб дида шавад, бад аст.
— Агар шахсе хоб бинад, ки дар байни гӯшаш мӯрча хона карда аст, он шахс бо деҳотй ошно хоҳад шуд.
— Мор дар ҳоб давлат аст.
— Омадани маҳутаи касофат дар хоби духтар аломати зиндагии хуби ӯ дар оянда аст.
— Ҳар гоҳ касе хоб бинад, ки об сар ба боло ча- раён дорад, воқеаи ғайричашмдошт ба ӯ рух диҳад.
— Ҳар кас дар хоб об бубинад, аломати рӯшноӣ аст.

Фолнома