Дар боби боду хаво барфу борон ва туфон
— Агар абр аз самти кибла бархезад, барфу борон ва туфон ба дунбол дорад, тавре, ки мегуянд:
Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад,
шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад.
— Агар абрхои сиёх дар шамол мутароким шаванд, барф хоҳад борид.
— Агар анкабут торхои тоза битанад, хаво мулоим хохад шуд.
— Агар асп гарданашро дароз кунад ва нафасхои амик бикашад, борон меборад.
— Агар барги дарахтон ба ларза дароянд, хаво тӯфон мешавад.
— Агар барфи кӯхна ва чандруза ба ҳар тараф партофта шавад, дубора барф хоҳад борид.
— Агар баргҳои хушки дарахтон ба садо дароянд, барф меборад.
— Агар гов гӯшашро бнхорад, борон меборад.
— Агар говмеш галаро ба сӯи чарогоҳ ҳидоят кунад, борон хоҳад борид.
— Агар гурба атса бизанад ва пойхои мизро бихарошад, ҳаво боронй мешавад.
— Агар гурба пушт ба оташ нишинад, барф хоҳад омад.
— Агар зоғҳо даста-даста парвоз кунанд, ҳаво сард шавад.
— Агар гӯсфанд иштиҳои худро аз даст бидихад, барф ва ях об хоҳад шуд.
— Агар дар охирҳои сол (дар моҳи хут) барф биборад, мегӯянд: «Бибикампирак (ошики Бобои НаврӮз дар ривояти халкӣ) барои арӯсиаш лиҳофу тӯшак медӯзад».
— Агар бороне бибораду катраҳои он бузург бошад, мегӯянд: «Бибикампирак марворид ҷел (ҳамел) мекунад. Ва агар донаҳои борон хурд ва оддӣ бошад, мегӯянд: «Бибикампирак сар мешӯяд».
— Агар занбурони асал аз хонаи худ дур нараванд борон хоҳад борид.
— Агар камардардии инсон авдат кунад, борон меборад.
— Агар магас неш бар даст занад, борон хоҳад борид.
— Агар маҳ аз осмон поён биёяд, борон меборад
— Агар миз ва чавки садо дихад, борон хохад щуд.
— Агар дар фасли тобистони сол раъду барк шавад, зимистони он сол хушк хоҳад шуд.
— Агар деворҳо ва сангфаршҳо намнок шаванд борандаги мешавад.
— Агар касе бо ангуштонаш аз зер ба сакфи сандали бизнад, борандаги сурат гирад.
— Агар мох гош-доира баста кунад (ё атрофи мох кутан кунад), мегӯянд: «Боду тӯфон иешавад».
— Агар мӯрчагон теппахон тоза бисозанд, ҳаво нарм ва офтоби мешавад. .
— Агар офтоби боронак шавад, мегуянд: «Хонаи гург бача шуда».
— Агар паррандагони чаман ба суи мурдоб бираванд, хаво сард хоҳад шуд.
— Агар паррандагон аз хондаи бозмонанд, туфон мешавад.
— Агар рӯбоҳ хангоми шаб зӯза бикашад, хаво туфонй хохад шуд.
— Агар саг пушт ба гӯшт кунад ва сабза (алаф) бихӯрад, борон меборад.
— Агар тифл дар дег ғизо бнхӯрад. дар арусии у борон меборад.
— Агар харгӯш рӯ ба дашт гузорад, барф хохад борид.
— Агар харгӯш ба сӯи чангал бишитобад, тӯфон мешавад.
— Агар шабхангом гов садо кунад, барф меборад.
— Агар қозхо шабхангом ба парвоз дароянд, ҳаво сард шавад.
— Агар ҳезуми бухорй тараккос кунад (садо барорад), барф хоҳад борид.
— Хар гоҳ мурғобии кафтарак аз самти ҷануб зохир шавад, нишонаи омадани селоб аст.
— Хар гоҳ рӯи оташ намак рехта шавад, тӯфон ва борон қатъ гардад.